БОХТАР. Бахшида ба таҷлили сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Бохтар барои нимсолаи аввали соли 2019, татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ бо ҷалби васеи сокинон дар маҳаллаи Ургутмаҳаллаи шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан, Қаҳҳоров Искандар ва Исоев Фаррух иштирок дошта, ёдовар гардиданд, ки тавре аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Дар ин росто Пешвои миллат як қатор дастуру супоришҳоро ҷиҳати бо корҳои ободониву созандагӣ ва бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ истиқбол гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тавсияву ҳидоятҳои муфид пешниҳоди мо карданд.
Дар он истиқоматкунандагони маҳалла роҳҳои байни маҳалларо сангфарш карда, ҷӯю заҳбурҳоро тоза намуда, ноқилҳои барқӣ ва симчубҳоро аз нав таъмир карданд.
Инчунин, дар ин раванд дар ду тарафи роҳи кучаҳои маҳалла дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан шинониданд.