БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон: Ватани азизамонро аз ин дида шукуфонтар хоҳем кард

БАЛҶУВОН. Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Турко”-и ҷамоати деҳоти Балҷувон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзозода Исуф ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Муродова Марҷона  бо  сокинони деҳа атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин дар бораи  нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афлаиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ  намуданд.

Баъди анҷомёбии суҳбату вохӯрӣ бо иштироки сокинон аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” доир карда шуда, роҳи деҳаи Туркоро тариқи ҳашари дастаҷамъона сангфарш намуданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg