БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз пешравиҳои кишвар рӯҳбаланданд!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зоиршо Қаландаров»-и ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо иштироки муовини-раис, мудири шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон вохӯрӣ доир гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ Содиқова Меҳрубон оид ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Пешвои миллат нахуст вобаста ба дастовардҳои дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, соли 2018-ро соли воқеан таърихӣ унвон намуданд. Зеро дар самти сиёсати хориҷӣ воқеан ҳам соли 2018 бо оғози расмии татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об, ба сатҳи шарики стратегӣ боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар самти сиёсати дохилӣ ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО-и Роғун, пурра татбиқ ёфтани ҳадафи дуюми стратегии кишвар, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон ва дигар дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба соли таърихӣ дар ҳаёти кишвар табдил ёфт.

Инчунин, баҳри ободии диёр ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” аз даруни ҷӯйборҳо партовҳо тозакарда шуда чунин корҳои ободонию созандагӣ идома дошта, баҳри боз ҳам амали гаштани пешниҳоди Сарвари давлат солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Дар охир мавсуф аз занону бонувони фаъол даъват ба амал овард, ки бо касбу ҳунарҳои мардумӣ Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро истиқбол намоянд ва касбу ҳунарҳои мардумиро ба ҷавонону наврасон омӯзонанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg