БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷик миллати созандаву офаранда аст!

ҚУБОДИЁН. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешои миллат, Раиси муаазами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди деҳот, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” сохтмони пули байни деҳаҳои Пакалла ва Зиракии ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов таҳрезӣ гардида буд, бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва шахсони саховатманди деҳа сохтмони пул ба анҷом расид.

Пас аз ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб, раиси ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов, раиси маҳалла, имомхатибони масҷиди панҷвақта, фаъолон ва сокинони деҳа маросими кушодашавӣ ва ба истифода додани пули деҳа баргузор гардид.

Зимнан Маҳмадаюб Шарифзода сокинони деҳаро бо  кушодашавии  пул табрику муборакбод гкфта таъкид намуд, ки , Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии кишвар маҳз бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат соли 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.  Мардуми шарафманди Қубодиёни бостон дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, сохтмони пул –пайваст намудани ду деҳа, ки  ба рафту омади сокинонро осон намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg