БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадаф - таъмини амнияти озуқаворӣ

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии Маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ ва нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат бо иштироки мудири  шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад, мутахассиси шуъбаи мазкур Ғафорова Насимахон,  раиси ташкилоти ибтидоии болозикр Саидов Назарали ва 7 нафар аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр чорабинии таблиғотии ҳизбӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Зимнан кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Бекмамадов Асалмамад ва Ғафорова Насима вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал баромад намуда, қайд карданд, ки: - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2018 иброз намуданд, ки «Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ амалӣ гардонида истодаем». Ҳамчунин дар Паёми Президенти мамлакат оварда шудааст, ки «ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад».

Дар фарҷоми чорабинӣ кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳия аз аъзоёни ташкилоти ибтидоии дар боло зикршуда даъват ба амал оварда, таъкид доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор худ қарор дода, ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд ва талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро риоя намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg