БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – роҳнамои мардум дар корҳои бунёдкорӣ

ҲАМАДОНӢ. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои нимсолаи соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии «Ҳамадон» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, 26.12.2018 ироа гардид, суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар соҳаи иҷтимоӣ тамоюлҳои мусбат идома пайдо карда, аз ҷумла нишондиҳандаҳои дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид. Шумораи аҳолӣ дар кишвар аз 5,4 миллиони соли 1990 ба 9,1 миллион нафаррасид ва дар назар аст, ки соли 2023 аҳолии кишвар ба 10 миллион нафар мерасад, омадааст дар Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев баромад намуда, қайд кард, ки дар 10 соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетики кишвар дар ҳаҷми 1520 мегаВатт зиёд карда шуд ва 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта ба истифода дода шуданд.

Дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба шахси ятиму бепарастор, истиқоматкунандаи маҳаллаи Синои ҷамоати шаҳраки Москва Оқилова Раҷабмоҳ, ки хонаи истиқоматиаш дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, бо масолеҳи  сохтмонӣ таъмин карда шуд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳаллаи «Сино»  ҳамчунин Рабиев Ҳомиддин таъмиру тармими  хонаи садамавии Оқилова Раҷабмоҳро  дар якҷоягӣ бо аъзои фаъоли ҲХДТ, шахсони хайрхоҳу  саховатманди маҳалла  ба зимма гирифт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg