БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роҳҳо пайвандгари қалбҳо

ФАРХОР. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор  Назаров Алиҷон бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард"-и ноҳия  мулоқот доир намуд.

Нахуст, дар мулоқот Назаров Алиҷон мазмуну муҳтаво ва нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва сиёсати дохилию хориҷии  кишварро шарҳу тавзеҳ дода, иброз дошт, ки  дар Паёми ирогардида, ки тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакатро дар бар гирифт, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст дар вазифаҳои хизматӣ содиқона ба халқу Ватан хизмат намояд ва  ҷиҳати  иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат  саҳмгузор бошад.

Инчунин, дар идома мавсуф дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда, иштирокдоронро барои дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  ба

корҳои обдонии маҳал, махсусан мусоидат намудан дар сангфаршкунии роҳҳои байни деҳаҳо даъват намуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg