БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мақому манзалати зан-модар дар даврони соҳибистиқлолии кишвар баланд бардошта шуд

ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи талаботи мақомоти болоии ҳизб ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии занон ва фаъол гардонидани занон дар корҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин  бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи  баргузории вохӯрию мулоқотҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №9”  вохӯрии навбатиро бо занони  маҳалла баргузор намуд.

Дар рафти мулоқот атрофи  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи занон дар ҷомеа, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби занон ба касбомӯзию ҳунармандӣ андешаронӣ карданд.

Инчунин, дар вохӯрӣ  вакили ҷамоати шаҳраки Совет  Муродова Гулчеҳра  иштирок дошта, дар бораи мақому манзалаи зан –модар, тарбияи  дурусти фарзандон, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  “ Дар бораи масъулияти параду модар дар таълиму тарбияи фарзанд” , рушди касбу ҳанрҳои мардумӣ андешаронӣ намуд.

Вобаста  ба  татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи ҳизбӣтаҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем! » бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур зиёда аз  20 нафар занони  маҳалла ва фаъолони ҲХДТ ба ҳашари дастаҷамъона баромада,  дар  корҳои ободонӣ бо мақсади кабудизоркунӣ саҳм гузоштанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg