БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз масъулияти баланди ватансозии мо вобаста аст

НОРАК.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бақайдгирӣ»  оид ба  шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки санаи 26 декабри соли 2018 ироа гардид, бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Бақайдгирӣ” вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  Сабзалӣ Зоиров иштирок дошта, оид ба  нуктаҳои муҳими   Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  андешарони карда, қайд намуд, ки Пешвои миллат  ҳадафи стратегие, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ин рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Инчунин, таъмини амнияти озуқавории  кишвар низ аз ҳамин соҳа вобастагии калон дорад.

Дар Паёми имсола Пешвои миллат  соли 2018-ро соли воқеан   таърихӣ  унвон намуд. Зеро дар самти сиёсати хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 бо оғози расмии татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии дар самти об, ба сатҳи шарики стратегӣ боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон, дар самти сиёсати дохилӣ- ба истифода додани агрегати якуми НБО-и Роғун ноил гардидааст.

Аз ин рӯ, аз ҳар як шаҳрванди  ватандӯстро зарур  аст, ки суханрониҳои Пешвои миллатро  сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода,  баҳри боз ободтар шудани  Ватан  талош варзад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg