БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи таблиғотии ҳизбӣ «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби кормандони КАТС дастгирӣ ёфт

КУШОНИЁН.Тибқи  ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Кушониён  дар бораи баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия дар нимаи якуми соли 2019 ва ҷиҳати амалӣ намудани қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!”  дар ташкилоти ибтидоии КАТС-и   ноҳияи Кушониён бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ  кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён иштирок дошта, дар назди ҷамъомадагон оид  ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ва  тарзи  сифатноки хизматрасонии тиббӣ  дар соҳаи  тандурустӣ, ки Пешвои миллат ҳангоми  ироаи Паёми навбатӣ изҳори нигаронӣ карданд, суханронӣ намуда, аз ҳар як мутахассиси соҳа  ҷиҳати  дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои аз Паём бароянда, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, муошират, пешгирӣ аз истиофдаи  доруҳои қалбакӣ, бесифат ва муҳлаташон гузашта  даъват ба амал оварданд.

Инчунин, дар идома  масъулин  дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб,  эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, дар қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар корҳои ободониву созандагӣ  саҳм гузоштанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg