БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баррасии нуктаҳои Паём дар ташкилотҳои ибтидоӣ

КӮЛОБ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Кӯмаки иҷтимоӣ дар хона” бо иштироки васеи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот доир гардид.

Зимни мулоқот аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, муовини раиси шаҳр Исмоилзода Саидмурод ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул иштирок ва сухаронӣ намуданд.

Исмоилзода Саидмурод дар баромади худ аз нуктаҳои Паём оид ба сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди Тоҷикистон бо кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя-Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳозирин ёдрас гардиданд.

Инчунин, зикр кард, ки эълон гардидани солҳои 2019-2019 аз тарафи Пешвои миллат ҳамчун Солҳои рушди деҳот, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ин пеш аз ҳама ғамхориҳои давлату ҳукумат ва нишону таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба соҳаи фарҳанг ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Ҳамзамон, аз ҷониби Валиева Саъбагул оид ба истифодаи манбаҳо ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ мулоҳизаронӣ гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg