БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз масъулияти баланди ватансозии мо вобаста аст!

ҚУБОДИЁН. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бо ибтикори Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён тибқи ҷадвали баргузории  чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Носири Хусрав”-и маҳаллаи ба номи Мирзо Турсунзодаи ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳия  корҳои ободонӣ доир карда шуд.

Аъзои ташкилоти ибтидоӣ  дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат ва иқдомҳои  ватандӯстонаи ҲХДТ-ро сармашқи фаъолияти худ қарор дода,  дастаҷамъона ба ҳашари умумӣ баромада, ҷӯйборҳои гирду атрофи маҳалларо  аз партову алафҳои бегона тоза намуда,  дар ду тарафи ҷӯйбор дарахтони ороишии ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинониданд.

Инчунин, деворҳои фарсудаи хонаҳои сокинони  маҳалларо, ки шахсони ниёзманди ҷомеа мебошанд,  қисман таъмир карданд, ки ин амали неки ҳизбиён ба ҳусни маҳалла  зебоӣ бахшид.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg