БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём -дастурест барои расидан ба ҳадафҳои созанда

ДАНҒАРА. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷиксодиротбонк” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Каримов Пирмуҳаммад -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, атрофи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,аз ҷумла  пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундгаро, риояи қонунҳои миллӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву ободкорӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ суханронӣ намуда,  кормандони ташкилоти номбурдаро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ  раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg