БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат сармашқи кори ҳаррӯзаи мардум

ВАХШ. Мутобиқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  «Шуъбаи Омор»-и ҷамоати шаҳраки Вахш баҳри расонидани нуктаҳои муҳими  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии доир карда шуд.

Дар вохӯрии доиргардида мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Худойдод  Ёров, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия Мардонова Саёра ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Даминов Илҳом  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал Худойдод  Ёров ба сухан баромада,  иброз дошт, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ҳамчун санади муҳими барномавӣ ифода гардида, сармашқи  кори тамоми халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Яқинан Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва ватандӯстиву ватанпарастӣ буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад. Воқеан Паёми навбатии Пешвои миллат тамоми ҷабҳаҳои мухталифи ҷомеаро фаро гирифта, ҳамчун такондиҳандаи рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg