БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои миллати тоҷик

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳнамо»-и  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Бохтар оид ба  баррасии мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо аъзои ҳизб дар маҳаллаи «Ғайрат» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ  муовини раиси шаҳр, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Арзиқулов Турдиназар ва мудри шуъбаи кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан иштирок дошта, дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббусҳои неку ояндасози  Роҳбари давлат ва дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, инчунин эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуданд.

Инчунин, дар идомаи вохӯрӣ  Асадуллозода Ватан ба сухан баромада, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баланд бардбоштани масъулияти шаҳрвандии сокинони  маҳал, моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ намуда,  ҷамъомадагонро барои саҳм гузоштан дар рушду нумуи  Ватан, ки сокинони маҳаллаи  Ғайрат  ба корҳои  хоҷагидорӣ, аз ҷумла  сабзавотӣ  барвақтӣ  машғуланд, даъват намуд, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар бо сабзавоти тару тозаи барвақтӣ  саҳми арзанда гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg