БАЛҶУВОН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалӣ ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” қад-қади роҳи калони ноҳия аз ташкилоти ибтидоии деҳаи “Мулкон” оғоз карда шуда, то ташкилоти ибтидоии деҳаи “Хироб”-и ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон бо ташаббуси кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар якҷоягӣ бо аъзои ҲХДТ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои дарпешистода, махсусан ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми неку ватандӯстонаро роҳандозӣ намуда, дар ниҳолшинонию кабудизоркунии маҳал саҳм гузоштанд.