БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сарфаи нерӯи барқ истиқлолияти энергетикиро таҳким мебахшад

ҶАЙҲУН. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯриву мулоқоҳо дар ташкилоти ибтидоии Дӯстии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва нуктаҳои асосии Паёми навини Президенти кишвар ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон ва 17 нафар аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр баргузор гардид.

Зимнан мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се ҳадафи стратегии худро, аз ҷумла, «Таъмини амнияти озуқаворӣ», «Аз бунбасти коммуникатсиони баровардани кишвар» ва «Таъмини Истиқлолияти энергетикӣ»-ро тасдиқ намуда амалӣ намудааст. Зайдуллоев Муҳамадҷон доир ба яке аз ин ҳадафҳои стратегии мамлакат «Таъмини истиқлолияти энергетикӣ» баромад намуда, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба мақоми Олии қонунгзор иброз доштанд, ки ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин дастоварду комёбии бузург боиси шукргузории ҳар як шаҳрванди кишвар аз фазои суботу осоиштагии комил ва ваҳдати саросарӣ мебошад. Дар паёмади дастоварди мазкур вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ин сарвати бебаҳор обо сарфаву эҳтиёткорӣ исифода бурда, ҳаққи хизматрасонии барқро саривақт ва бовиҷдонона пардох намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg