БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон нерӯи созандаву пешбаранда дар ҷомеа

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо  мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки зимни ироаи Паёмашон ба аҳли ҷомеаи кишвар дар ноҳияи Қубодиён бо мардум суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодааст.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Донишҷӯ” дар мавзӯъи “Паёми Пешвои миллат-раҳнамои миллат” ва  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ваҳобиддин  Абдуллоев иштирок ва суханронӣ намуд.

Инчунин, Раҳимов Сафаралӣ  директори Коллеҷи омӯзгории ноҳия дар суханронии худ оид ба роҳҳои  амалӣ намудани вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар муайян шуданд, ёдовар шуда,  иброз дошт, ки татбиқи мақсаду маром ва  ҳадафҳои ватандӯстонаи  Сарвари давлат вазифаи ҷонии ҳар як инсони ватандӯст бояд бошад. Баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботи комил сарҷаъмона кӯшиш намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg