
ДАНҒАРА. Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии филиали бонки амонатгузории “Амонатбонк №59” дар ноҳияи Данғара бо иштироки Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур атрофи мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди инфрасохтор ва дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, қабул ва дастгирии мутахассисон аз ҳисоби бонувон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ, риояи қонунҳои миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ карда шуд.