БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аз Паём пайки файзи соли нусрат мерасад...

ШАҲРИТУЗ.Тибқи нақшаи корӣ  дар деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматови ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ бо иштироки омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ва сокинони деҳаи Сомониён баргузор гардид.

Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи   дар ноҳия  Ачилдиев Турдимурод ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок дошта,  оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои  миллат аз Паёми навбатӣ  дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ  андешаронӣ карда,  баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд.

Дар баробари ин аз ҷамъомадагон ҷиҳати  иҷрои Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекнем!»  даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg