БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз сиёсати некбинонаи Пешвои миллат ҷиҳати беҳтару хубтар шудани сатҳи зиндагӣ дар деҳот қаноатманданд

Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Хоҷағалтон тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дастуру супоришҳои мақомоти болои ҳизбӣ баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ  доир намуданд.

Вохӯриро Неъматов Абдуҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб   кушода,  доир ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар  суханронӣ  намуда, дар назди ҷамъомадагон аз  суханрониҳои Роҳбари давлат дар Паёми навтатӣ  ёдовар шуда, иброз дошт, ки мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳоӣ мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳолии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Сокинони  деҳаи  пас аз шунидани  суханрониҳои  судманд  сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, аз натиҷаи рушди бемайлони хоҷагии ҳалқ ва беҳтару хубтар шудани сатҳи зиндагӣ дар деҳот изҳори қаноатмандӣ  карданд.

        

 

      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg