БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маориф - ин пояи давлат ва нуфузи миллат аст!

ХУРОСОН.Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён»-и ноҳия вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон  оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26-декабри соли 2018 бармеояд ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  суханронӣ намуд.

Дар охир  мавсуф иштирокдоронро дар доираи Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  дар боду ҳавои мусоид баргузор кардани корҳои ободониву созандагӣ, аёдати беморон ва расонидани кӯмак ба оилаҳои ниёзманди ҷомеа, ятимону  бемепарасторон  раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg