БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъолони ҲХДТ сохтмони иншоотҳои хизматрасониро ба уҳда гирифтанд

ХОВАЛИНГ. Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сангрезги”-и ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ гузаронида шуд, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хеле фаъолона иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафар Халилзода зимни суханронӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ- ро ба таври васеъ шарҳ дода, вазифаи ҳар як аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро дар амри иҷрои онҳо фаҳмонид.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии № 27, муовини якуми раиси ноҳия Маҳсиддин Қодирзода дар баробари фаҳмонидани нуктаҳои Паём ва вазифаҳои аз он бароянда дар назди интихобкунандагони худ аз фаъолияти вакилиаш  дар давоми соли 2018 ҳисобот дода, ба пурсишҳои онҳо ҷавоби қаноатбахш гардонид.

Дар хониши сиёсӣ узви ҲХДТ бобои Музаффар Исмоил, Сайҳомид Оқилов ва чанде дигарон баромад намуда, изҳор дошт, ки то ҷашнгирии 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳа дар ҳамдастӣ 6 иншооти хурду бузурги хизматрасонӣ сохта ба истифода медиҳад.

Хониши сиёсиро раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Сафар Халилзода ҷамъбаст намуда, ба аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро дар иҷрои амалҳои созандаи ба уҳда гирифтаашон барору комёбӣ орзу  намуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg