БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Андозчиён дар шукуфоиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссагузоранд

ПАНҶ. Вохӯрии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Андоз”-и назди Нозироти андози ноҳия роҳандозӣ гардид.

Файзиев Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ин вохӯрӣ оид ба ҳадафу маром ва муҳтавои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат суханронӣ намуд.  Дар паёми Пешвои миллат масъалаҳо дар доираи 15 самту соҳаҳои муҳимми ҷомеа – молия, саноат, иқтисод, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, экология, сайёҳӣ ва рушди деҳот, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занону ҷавонон, ҳуқуқу волоияти қонун, амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ дар давраи соли 2018 таҳлил ва дар доираи онҳо вазифаҳо барои соли 2019 мушаххас гардиданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва вазифаҳои ҳизбиён дар татбиқи ҳадафу мароми Паёми Пешвои миллат андешаронӣ шуд.

Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин  раиси ташкилоти ибтидоии Андоз Ализода Шариф оиди фаълияти андозчиён оиди сари вақт ва пурра иҷро намудани андози ноҳия андешаронӣ намуд.

Аз аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии Андоз, ки аслан ҷавонон кору фаъолият менамоянд, даъват шуд, ки ба Ватану давлат содиқона хизмат намуда, барои таҳким ва рушди Истиқлолияти давлатӣ саҳмгузор шуда, дар шукуфоиву пешрафти Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссагузор бошанд.

Дар охир, ба  ҷавони нав сафи ҳизб қабулгардида шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg