БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Икдмоҳои неку ояндадори ҲХДТ аз ҷониби сокинон дастгирӣ ёфтанд

Н.ХУСРАВ. Ҷиҳати  амалисозии   нақша-чорабиниҳои Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав дар  ташкилоти  ибтидоии  маҳаллаи  “Муродтеппа” оид ба  татбиқи  қисмати амалии  Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ  таҳти  унвони  “Якҷоя   ҳал  мекунем!” бо  иштироки аъзои  ҳизб дар  ташкилоти  ибтидоии мазкур ва намояндагии  ТҶҶ “Созандагони  Ватан  дар  ноҳия Аксияи щизбӣ баргузор гардида, гирду  атрофи  бинои   ҷамъиятии  сохташудаистодаи  маҳалларо   тозаву озода, заминашро нарм ва  роҳи даромади биноро сангфарш карданд.

Дар роҳандозии  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сураё Алиева иштирок дошта, дар корҳои ободонии маҳалла саҳми арзандаи худро гузошт.

Икдоми неку ватандӯстонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусравро сокинон ҳамаҷониба дастгирӣ карда,  ният доранд дар оянда низ чунин корҳои  созандагиву бунёдкориро  дар амал татбиқ намоянд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg