МУЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар ноҳияи Муъминобод бо фаъолон ва сокинони кӯчаи ба номи Т.Раҳимов оид ба баррасии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалишавии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» мулоқот баргузор гардид.
Масъулин зимни суханронӣ иброз доштанд, ки дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд, ки ин пешниҳоди Роҳбари давлат аз ҳар як ҳунарманди тоҷик масъулияти баландро талаб менамояд. Инчунин, дар идомаи вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии гаравиши шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Баъдан масъулин ҷамъомадагонро, ки бештари онҳоро занону бонувони ҳунарманд ташкил медод, ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону бонувони хонашин ба касбу ҳунарҳои мардумӣ даъват намуданд.