БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз иқдомҳои ватандӯстонаи ҳизб сипосгузоранд

ҚУБОДИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомониён”-и маҳаллаи  Қизилтоҷикистони ҷамоати шаҳраки Қубодиён бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоӣ Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя  ҳал мекунем!”  доир гардид.

Дар Аксияи ҳизбӣ   раиси   Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Шарифзода Маҳмадаюб  иштирок дошта, сокинонро ба корҳои созандагиву ободонӣ дар доираи  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  даъват намуд.

Сокинони ватандӯстӣ маҳаллаи номбурда дар  тоза кардани ҷӯйбор аз партову алафҳои бегона ва  нарм кардани бехи дарахтони маҳали зист, ки  аз оби ҷӯйбор сокинони  маҳал дар рӯзгорашон истифода мебаранд,   бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои созандаи он ва фазои сулҳу суботи кишвар  фаъолона  иштирок карда,  дар корҳои ободонӣ саҳми назаррас гузоштанд. Чунин иқдомҳои неку ватандӯстонаи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  дар ҳудуди ноҳияи  Қубодиён  бо маром ҷараён дорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg