ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки масъулини бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Матбаа» вохӯрӣ доир гардид, ки дар он и.в.раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулҳафиз Қурбонов иштирок ва суханронӣ намуд.
Абдулҳафиз Қурбонов дар назди ҷамъомадагон доир ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ матраҳ гардиданд, суханронӣ намуд. Инчунин, дар идомаи суҳбат мавсуф дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳарф зада, иштирокдоронро барои саҳм гузоштан дар ободии Ватан, содиқона хизмат намудан ба халқу давлат раҳнамоӣ намуд.
Дар охир ташкилоти ибтидоии мазкур Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро сармашқи кори худ қарор дода, ба 1 нафар маъюби гурӯҳи 2-юми деҳаи Шаҳдрези ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл Ҳасанов Сайдаҳмад маводи ғизоӣ кӯмак расонид. Икдоми ватандӯстонаи ҳизбиёнро маъюби гурӯҳи 2-юм давоми ғамхориҳои инсондӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, миннатдории хешро баён намуд.