БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ояндаи давлат аз мутахассисони сатҳан касбӣ вобастагии амиқ дорад

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Авитсенна”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ бо иштироки Каримов Пирмуҳаммад  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур атрофи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таълим ва идораи сифати таҳсилот, омодасозии мутахассисони сатҳан касбӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори озоди меҳнат, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО/БПНМ, риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундгаро, фарҳанги истифодабарии сомонаҳои иҷтимоӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg