ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизби «Беморхонаи Маркази»-и ҷамоати шаҳраки Вахш бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баҳри расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ доир карда шуд.
Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон ба сухан баромада, тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии кишвар қайд карданд, яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад. Мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам таҳким бахшида истодаем». Ҳоло дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» амалӣ гардида истодааст ва ин таҷриба давра ба давра тамоми кишварро фаро мегирад.
Дар фарҷом аз кормандони беморхона даъват ба амал оварда шуд, ки бо дилу нияти соф ва ҳисси баланди масъулиятшиноси фаъолият намуда, баҳри пешгирии бемориҳо мусоидат намоянд.