БОХТАР.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи пӯст » бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо оид ба баррасии муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин дар бораи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, қайд намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон -ҳамчун барномаи яксола дар рӯзгори мардум мебошад.
Паём ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ, муқарраркунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва дар ин росто муайянкунандаи вазифаи ҳар сокини кишвар дар роҳи татбиқи амалии он мебошад.
Инчунин, дар идома самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба 16 нафар кормандони ташкимлоти номбурда шаҳодатномаҳои ҳизбиро дар вазъияти тантанавӣ тақдим карданд.