БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём – роҳ ба сӯи ояндаи нек

Ҷ.БАЛХӢ.Дар ташкилоти ибтидоӣ хизбии «Беморхонаи Сил»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ дар мавзуъи расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар амал татбиқ намудани қисмати амалии аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба аёдати як бемор рафта аз ҷониби ташкилоти ибтидоӣ хизбии «Беморхонаи Сил»-и ноҳия ба маблағи  яксаду панҷоҳ сомони дорувори кумак карда шуд.

Дар ин аёдат мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асоев Хизриддин, ва мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ Алиев Зафар, иштирок намуда қайд карданд, ки Соли 2018 бо руйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихи буд. Ҳамчунин дар паёми имсола қайд карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисоди, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузори, инкишофи бахши хусуси ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат хадафи олии худ эълон намудааст.

    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg