БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – роҳнамои мардум дар корҳои созандагию бунёдкорӣ

ҲАМАДОНӢ.Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи аввали соли 2019 дар маҳаллаи Маъруфхуҷа Баҳодурови ҷамоати шаҳраки Москва ҷиҳати иҷрои амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар ин чорабинӣ сокинони маҳаллаи номбаршуда ба тоза кардани ҷӯй ва маҳалли зист сафарбар карда шуданд, ин амал боиси дастгирии сокинон гардид.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев оид ба Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии кишвар андешаронӣ карда, қайд гардид, ки соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон воқеаи таърихӣ буд. Мавзӯи дигаре, ки дар Паём дахл карда шуд, рушди деҳот мебошад. 73 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Дар оянда баҳри рушди деҳот чораҳои таъхирнопазир андешида мешавад.

Паёми Президенти кишвар тамоми паҳлуҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишварро дар бар гирифта, барои рушди устувори Тоҷикистон дар соли 2019 дурнамои арзишманду амалӣ ба шумор меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg