КУШОНИЁН. Дар доираи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён вохӯриҳои кормандони он дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия дар нимаи якуми соли 2019 ва амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” идома дорад.
Вохӯрии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Бахтиёр” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ сурат гирифт.
Масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасиии масъалаҳо доир ба вазъи ҷаҳони муосир, омодагии Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.
Баъд аз суханронии судманд баҳри иҷрои Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии номбурда ҳашари дастаҷамъона ташкил карда шуда, кормандон барои захира намудани пахта ҷойи махсусро барои пахтагузорӣ омода карданд.