БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Моҳияти Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” масъулияти сокинонро дучанд намуд

ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Зарнисор»-и ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ карда шуда, иштирокдорон  оромгоҳи  деҳаи номбурдаро тозаву озода  карданд.

Дар Аксияи ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадалиев Бахтиёр, ҳамзамон раиси маҳалла иштирок дошта, дар корҳои ободонӣ  саҳм гузоштанд.

Сокинони деҳот иқдомоти наҷибонаи  ҲХДТ-ро дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намуда,  зиёда аз 100 нафар ба ҳашари дастаҷамъона баромаданд.  

Пас аз анҷоми корҳои созандагиву ободонӣ  бо ташаббуси вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Маҳмадалиев Бахтиёр ба ҳашарчиён хӯроки гарми яквақта  таъмин карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg