БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат дастури корӣ дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ

БОХТАР. Тибқи ҷадвали вохӯриву чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба баргузории хонишҳои сиёсӣ  ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбӣ ва татбиқи амалии Аксияи тарғӣботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли 2019 инчунин расонидани мазмуну муҳтавои  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки корманди масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ҳакимова Волида дар ташкилоти ибтидоии «Заминсози вилоят» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он Ҳакимова Волида ба сухан баромада,  қайд намуд, ки тавре ба ҳамагон маълум аст 26 декабри соли 2018 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва ба мардум  ироа гардид, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2019 муайян карданд.

Инчунин, дар идома  мавсуф дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ва моҳияти  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро фаҳмонида, аз ҳар яки иштирокдорон баҳри иҷрои  иқдомҳои неку созанда даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg