БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём ҳуҷҷати тақдирсозу роҳнамо барои мо

АНДЕША. Соли сеюм аст, ки Пешвои миллат Паёми худро дар поёни соли милодӣ ироа менамоянд, ки он ҳамчун як барномаи  мукаммали солонаи ҳар як фарди тоҷикистонӣ маънидод гардида, нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаро барои расидан ба ҳадафҳои назаррас бо мақсади таъмини рушди устувори рӯзгори мардум қарор мегирад.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарогири тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз роҳнамо ва боиси зиндагии осоишта, оғози инкишофи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мамлакат барои соли ҷори буда, тамоми таъкидҳое, ки дар он ироа гардиданд, барои боз ҳам беҳтару шоиста намудани зиндагии мардуми диёр бахшида шудаанд.

Ҳамаи ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки шиори Пешвои миллат  таъмини зиндагии шоиста ва некӯаҳволии мардум буда, ба халқ содиқона хизмат кардан аст.     

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли ҷомеа нахуст вобаста ба дастовардҳои дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, соли 2018-ро соли воқеан таърихӣ унвон намуданд.

Обрӯю эътибори кишвари азизи мо дар соли 2018, пеш аз ҳама аз ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат  дар соҳаи об -Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор,солҳои 2018-2028” марҳилаи тозаро  касб намуда, Тоҷикистони азизи мо ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ дигарбора муаррифӣ гардид.

Ба кор андохтани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғун,  яъне иншооти тақдирсози миллат ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб ёфта, ин иншооти тақдирсоз дар наздик шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ- истиқлолияти энергетикӣ мусоидат намуд.

Дар Паёми Пешвои миллат масъалаҳо дар доираи 15 самту соҳаҳои муҳимми ҷомеа – молия, саноат, иқтисод, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, экология, сайёҳӣ ва рушди деҳот, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занону ҷавонон, ҳуқуқу волоияти қонун, амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ таҳлил ва дар доираи онҳо вазифаҳо барои соли 2019 мушаххас гардиданд.

Дар ин Паём марҳаллаҳои қаблии барномаҳои рушди моддию маънавии мамлакат ҷамъбаст гардида, дар заминаи натиҷаҳо ва таҷрибаҳои бадастомада оғози марҳаллаи нав - рушди босуръат ва босубот эълон мегардад.

Бешубҳа, яке аз нуктаҳои асосӣ ва ҳаётан муҳими Паёми Пешвои миллат ин таваҷҷуҳи махсус ба ободонӣ ва саноатӣ кардани деҳот аст, зеро бо назардошти сол аз сол зиёд шудани аҳолии кишвар ва дарки он, ки аксари мутлақи аҳолӣ дар деҳот зиндагонӣ менамоянд, барномаи махсуси ободонии деҳот як амри ногузир ва саривақтӣ мебошад.

 Имрӯзҳо  дар деҳаҳои дурдасттарини кишвар ободкориҳои беназирро дида, дар дил барои боз ҳам шукуфоии Тоҷикистони азиз боварӣ эҳсос мекунем.

Аз муҳтавои Паёми Пешвои миллат бармеояд, ки таҷрибаи Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ собит сохт, ки ин барнома дорои заминаи васеъи воқеӣ ва имконоти фаровоне мебошад, ки барои амалии онҳо муддати бештар ва иҷрои тарҳҳои амалии бештарро, асосан дар деҳот тақозо менамояд. Ин барнома бояд мавҷи ташаббусҳои ҳамагонро ба вуҷуд биёрад ва хислати миллиро касб намояд.

Он имкон медиҳад, ки аҳолии қобили меҳнатро ба шуғл фаро гирифта, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва сарчашмаҳои иловагии даромад шароит фароҳам хоҳад гашт. Ҳамчунин иқдоми рушди ҳунарҳои мардумӣ боиси баланд гаштани маданият ва фарҳанги миллати тоҷик гардида, муаррифгари  фарҳангу маданияти куҳани миллати тоҷик дар арсаи байналхалқӣ мегардад.

Сол аз сол Сарвари давлат ба рушди соҳаи маориф  таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пешрафти ҷомеаро дар пешрафти илму технология ва омӯзиши онро аз ҷониби насли наврас медонанд. Дар ҷумҳурӣ даҳҳо муассисаҳои таълимӣ сохтаву азнавсозӣ гардида, барои таълимгирандагон шароитҳои беҳтарин фароҳам оварда шудааст.

Пешвои миллат пеш аз ҳама ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, таъкид доштанд, ки шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд ва барои рушди қобиляти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати донишро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба миён гузоштанд, то ин ки шогирдон ҳамчун мутаххасисони забондон ва ҷавобгӯйи талаботи замони муосир ба камол расанд.

Дар ин росто ба мушкилоти  норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва аз аттестатсия гузаронидани ҳамаи кормандон дар ҳар се сол як маротиба ва тақвияти фаъолияти курсҳои такмили ихтисос масъалагузорӣ карда шуд.            

Агар дар маҷмӯъ ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътибор диҳем, пас ба андешаи мо ин ҳуҷҷат оинаест, ки дар он марҳилаҳои рушди беш аз пеши тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварамон ва вазифаҳои оянда инъикос ёфта, ба ҳар як бахши ҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаъолияти бахш барои ояндаи наздик вазифагузорӣ шудаанд.

Ҳамчунин бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани кор дастурҳои мушаххас пешниҳод мегардад. Ҳарчанд расман ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз унвонии мақоми олии намояндаги ва қонунгузори кишвар пешниҳод мегардад, вале он дар маҷмуъ ба ҳар як сокини кишвар, ки нисбат ба пешрафту ободонии диёр, беҳдошти сатҳи некуаҳволии мардум бетараф нест, дахл дорад.

Мардум бо умеду боварии зиёд ба ҳар нутқи пурмуҳтавои Пешвои миллат гӯш дода, дар заминаи хулоса ва бардошт дар фаъолияти ҳаррӯза онро сармашқи кор қарор медиҳанд. Паёми имсола бори дигар Пешвои миллати моро ҳамчун як сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ, ғамхори миллат ва сиёсатмадоре,ки такя ба воқеият мекунад, нишон дод.

Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки аз Паём то Паёми дигари Пешвои миллат дар ҳаёти гуногунҷабҳаи кишвари  мо дигаргуниҳои  куллӣ ба  назар мерасанд ва айни замон низ мо дигаргуниҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоиро дар ҳаёти кишварамон мушоҳида карда истодаем.

Аз ин хотир мо кормандони масъули ҳизбиро мебояд дар баробари тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, ҳамзамон дар самти татбиқи бандҳои дахлдори он саҳми арзанда гузошта, аз ин роҳ масъулияти худро дар роҳи иҷрои Барнома ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ таъмин кунем.

Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки Паёми Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри фаъолияти пурсамари ҲХДТ, тамоми сохторҳои давлатию  хоҷагидорӣ такони ҷиддӣ мебахшад ва мардум аз он руҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри амалӣ намудани вазифа ва нақшаву супоришҳои дар наздашон истода, бо дилу нияти пок, бо боварӣ ба фардои нек фидокорона меҳнат менамоянд

 

Маҳмадаюб  Шарифзода-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg