БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз баргузории вохӯрии судманд таассуроти нек бардоштанд

ШАҲРИТУЗ.Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар деҳаи Гагарини ҷамоати деҳоти Пахтаобод хониши сиёсӣ бо иштироки раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Шаропов Ҳомидҷон ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия  Ҳикматова Хайриниссо бо сокинону фаъолони деҳаи Гагарин баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ Шаропов Ҳомидҷон   оид ба самтҳои муҳими  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҳизб, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  тарғиби фарҳанги миллӣ, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби шахсони бекор ба корҳои хонагиву  касбу ҳунарҳои мардумӣ, аз ин ҳисоб паст кардани  сатҳи камбизоатӣ ва шиддати бекорӣ,  баландбардоштани савияи дониши толибилмон, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллӣ андешаронӣ намуд.

Инчунин,дар идома мавсуф дар бораи моҳияти Аксияитарғиботӣ-амалии ҳизбӣтаҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳарф зада,  аз сокинон даъват ба амал овард, ки  он маблағҳое, ки дар маъракаҳои  аъзодорӣ сарф менамоянд беҳтар мешуд дар  корҳои ободонӣ, кабудизоркуниву хуррамгардонии маҳалли зист, таъмири роҳу пулҳо, сангфарш кардани роҳ, сохтмони иншоотҳои хизматрасонӣ дар маҳали зист хароҷот  намоянд. 
Дар охир  ҷамъомадагон моҳияти Аксияи ҳизбиро хуб дарк намуда, чанде аз онҳо  иброз доштанд, ки   ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  камари ҳиммат баста,  дар ободии Ватан ва зиндагии босадат саҳм хоҳанд гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg