БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат-дастурамали корӣ дар пешрафти зиндагӣ

ХУРОСОН. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «­Ғаллаобод» Муҳсиддинов Абдуқодир таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат-раҳнамои мо!» оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон зимнан дар бораи  нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият оғоз кардани чархаи якуми НОБ-и Роғун, ташаббуси нек дар масоили об Даҳсолаи байналмилалии амал «Оббарои рушди устувор, солҳои 2019-2021»   андешаронӣ намуд.

Сипас, дар идома моҳияти  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ба сокинони маҳал фаҳмонида, аз онҳо  даъватба ама овард,ки  ҷиҳати обод кардани гӯшае,  ҳали мушкилоти ҷойдоштаи маҳалли зист, дасти кӯмак расонидан ба  шахсони ниёзманду маъюб, ятимону барҷомондагон саҳм гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg