БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём дастури рӯимизии ҳар як сокини кишвар аст

ХОВАЛИНГ. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи  “Ғаффор Мирзо” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Дар назди ҳозирин мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия С. Алиев баромад намуда, дар бораи бандҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври муфассал маълумот дода, вазифаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, аъзо ва  ҷонибдорони ҳизбро дар амри иҷрои дастуру супоришҳои аз Паём бароянда муайян намуд.

Дар хониши сиёсӣ ҳамчунин дар бораи дигар самтҳои афзалиятноки фоъолияти ҳизб - истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир, моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, рушди соҳибкорӣ сухан рафт. Дар идомаи хониши сиёсӣ аъзои фаъоли ҲХДТ А. Сангиаҳмадов, Қ.Раҷабов ва чанде дигарон баромад намуда, Паёмро дастури рӯимизии ҳар як корманд арзёбӣ намуданд. Онҳо Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро бо дили гарм пазируфта, қайд намуданд, ки дар амалишавии нақшаи корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти Чумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоат ва ноҳия саҳми арзандаи худро мегузоранд.  Имрӯзҳо аъзои ташкилоти ибтидоӣ  дар ҳошияи Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал менамоем!” дар бунёди бинои маъмурии ҷамот саҳмгузорӣ менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg