БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар дар корҳои ободонӣ саҳм гузоштанд

ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ-амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ҳамчунин  бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи  баргузории вохӯрию мулоқотҳо, ҳамзамон  оид ба  баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати шаҳраки Совет  вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

Дар рафти  вохӯрӣ  масъулин оид ба самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карданд.

Баъдан, вобаста  ба  баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, инчунин татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати шаҳраки “Совет”  Икромов Суҳроб  кормандону фаъолони ташкилоти номбурда ба ҳашари дастаҷамъона баромада, гирду атрофи биноро тозаву озода  ва бехи дарахтонро нарм  намуданд.

                     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg