ЛЕВАКАНТ. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Гулистон барои азнавсозии роҳҳои маҳалӣ ва дар ин самт ҳавасмандгардонии соҳибкорон ва сокинон, дар якҷоягӣ бо вакили халқ Шомуродзода Саидаъзам роҳи деҳаи мазкур ҳамвору сангфарш кард.
Сокинони деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Гулистон барои баргузории чунин як иқдоми неку созанда, ҳамвору сангфарш намудани роҳи деҳа, ки дар фасли сармо рафту омади сокинонро осон намуд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъмиру азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ аз мақсади дигари мо мебошад, ки бешубҳа барои муҳайё сохтани шароити беҳтару хубтари зиндагӣ ба аҳолии деҳот равона гардидаст.
Дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки барои амалӣ гаштани ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмини зиндагии шоиста ба ҳар фарди мамлакат такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.