БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи чорум ва асосии Паёми Пешвои миллат – рушди иқтисоди миллӣ мебошад

ПАНҶ. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо дар тамоми корхонаву ташкилоҳо, муассисахои давлатӣ ва байни оммаи аҳоли корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баррасии Паёми Пешвои миллат муташаккилона ҷараён дорад.

Чунин як вохӯрӣ бо иштироки масъулони Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб баргузор гардид.

Паёми пурмуҳтавои имсолаи Пешвои муаззами миллатро метавон давоми мантиқӣ ва таҳкимбахши Паёмҳои қаблӣ номид, чунки он тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро дар бар гирифта, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволи мардум нигаронида шудааст.

Ҳамзамон, дар ҷараёни вохўрӣ оид ба мавзуҳои доғи рӯзи ҷомеа, терроризму экстримизм, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, истифодаи нодурусти технологияи муосир ва хатарҳои он ба Истиқлолияти давлатӣ сухан рафта, зирак будани онҳоро оиди ин масъала баён намуданд.

Дар фарҷоми ҷамъомад, якчанд нафар фаъолон баромад намуда, ҳавасмандии хешро нисбат ба эълон гаштани Соли 2019 соли рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иброз дошта, дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои маҳбуби миллат устувор буданашонро  изҳор доштанд.  

Дар ин раванд,  ҷиҳати иҷрои Аксияи ҳизбӣ кори амалӣ гузаронида шуд, ки сокинони маҳал роҳраву кӯчаҳои маҳалларо рубу чин намуда, гулҳои мавсимӣ шинонданд.

Дар баробари ин бехи дарахтон нарм карда шуда, замини  назди хонаҳои истиқоматӣ аз партовҳо тоза карда шуданд. Бо гузаронидани корҳои ободонӣ онҳо саҳми худро дар тозагии маҳаллаашон  саҳмгузор шуданд.

   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg