НОРАК.Дар ташкилоти ибтидоии «Барқчиён» оид ба баррасии муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Дар рафти суҳбат кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб иштирок дошта, дар бораи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ- ҳамчун ҳадафи муҳими стратегӣ пайваста дар мадди назари Пешвои миллат қарор дорад, ҳарф зада, иброз доштанд, ки дар Паём зикр гардид, ки дар 10 соли охир иқтидори истеҳсоли низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 120 мегават зиёд карда шуд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта, ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон, доир ба аҳамияти сохтмони НБО-и Роғун, нақши он дар дароз шудани умри НБО-и Норак, то 4 миллиард килловат соат афзудани тавоноии нерӯгоҳҳои амалкунандаи масири дарёи Вахш ва лоиҳаи минтақавии КАСА-1000 андешаҳои таҳлилӣ пешниҳод карда шуд. Аз ин рӯ мо ҳизбиёнро зарур аст, баҳри оқилона, сарфаву сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ, саривақт супоридани ҳаққи хизмати барқ, кӯшишҳои давлату ҳукуматро дар мавриди расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, сафарбарии ҷавонон барои кор ба сохтмони аср-НБО-и Роғун бартарии онро аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба мардум фаҳмонданд.