БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём- роҳнамои зиндагии шоиста

КУШОНИЁН. Дар ҳудуди ноҳияи Кушониён вохӯриҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳия, баргузории вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотии доимоамалкунандаи ҳизбӣ,  оид ба расонидани мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба аъзои   ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбии  ноҳия идома дорад.

Вохӯрии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи  “Чорсӯ”-и ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия  бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир гашт.

Дар ин вохӯрӣ масъулин оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасии масъалаҳо доир ба вазъи ҷаҳони муосир, омодагии Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ, пешниҳоди сабукиҳо ба соҳибкорон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад, даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани ин дастури муҳим пурмаҳсул ва садоқатмандона фаъолият баранд.

Паёми Сарвари давлат аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-и ташкилоти ибтидоии номбурда  ҳамчун як дастури раҳнамо хуб пазируфта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg