БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Мавқеи занонро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем

ВОСЕЪ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯриву мулоқот дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳо дар ташкилоти ибтидоии «Ибрат»-и ҷамоат деӽоти Тугарак  оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Сафарова Ӽафиза, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Манучеӽри Хуршед хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории он Сафарова Ӽафиза атрофи самтӽои афзалиятноки фаъолияти ӽизбӣ, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  суханронӣ намуда,  қайд кард, ки Пешвои миллат муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон дар Паёми имсолаи худ ироа намуданд,  «Мо минбаъд низ  мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онӽоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем». Ҷавобан ба ин ғамхориӽои Пешвои миллат мо занонро зарур аст, ки барои ободонӣ ва пешравии Ватани азизамон саӽми арзандаи худро гузорем.

Дар охир  20-нафар занони  деҳа бо хоҳиши худ барои шомил шудан ба унвонии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  ариза пешни намуданд, ки онҳо бо хушнудӣ пазируфта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg