КӮЛОБ. Бо мақсади пурра фаро гирифтани аҳолӣ ва дарк кардани моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Технолог” вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, узви ҲХДТ, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саидмурод ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва баромад намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъулин суханронӣ карда, қайд доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола пешкаш шуда, дар он паҳлуҳои гуногуни сиёсати дохилию хориҷии мамлакат матраҳ ва вазифагузориҳои нав барои пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар амалӣ мегардад.
Аз ҷониби масъулин дар фарҷом гуфта шуд, ки Паёми ҳамасолаи Пешвои миллат ба мардум чун дастуре дониста мешавад, ки аз рӯи он корбарӣ дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат корбурд карда мешавад.