ҚУБОДИЁН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабиниҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зиракӣ” бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоӣ хониши сиёсӣ доир намуд.
Дар вохӯрии мазкур муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Шарифзода Маҳмадаюб мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти суҳбат доир ба самтҳои муҳими Паём, ки ҳамчун барномаи мукаммали солонаи ҳар як фарди тоҷикистонӣ маънидод мегардад, нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаро барои расидан ба ҳадафҳои назаррас бо мақсади таъмини рушди устувори рӯзгори мардум қарор мегирад, андешаронӣ намуд.
Ҳамчунин, Шарифзода Маҳмадаюб аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ёдовар шуда, афзуд, ки ҳар як сокини баору номуси кишварро зарур аст, бо иқдомҳои неку созанда дар пешрафту боз ҳам шукуфонтар шудани Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон саъю талош намоем.