ВАХШ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сипарони Ватан»-и ноҳия оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд доир гардид.
Дар аввал мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Негматов Азизулло дар бораи масъалаи болозикр баромад намуда, иброз дошт, ки ба кор андохтани агрегати якуми НБО-Роғун, яъне иншооти тақдирсозӣ аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки бо шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ-истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Соли ҷорӣ мо натанҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузоштем, балки бори аввал дар 27-соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намуда, дар ҳаҷми қариб 3 миллиард килоВатт соат нерӯи барқ содир карда шуд.
Инчунин, қайд гардид, ки ҳар яки моро зарур аст ин сарвати бебаҳоро сарфаю сарфакорона истифода бурда, ҳаққи хизматрасонии барқро сари вақт пардозем.