БОХТАР. Бахшида ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар нимсолаи аввали соли 2019, Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва расонидани мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби оммаи васеъ дар маҳаллаи Ҷалолиддини Румӣ-1 бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ин маҳала бо дастгирии соҳибкорон ва истиқоматкунандагони маҳала 300 метр роҳҳои байни маҳала сангфарш карда шуд, ки чунин корҳои созандагиву ободонӣ бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳудуди шаҳри Бохтар бо маром идома дорад.